Сиёсат ва масхарабозӣ

  Сиёсат дар луғат ба маъонии ҳукмронӣ, раёсат, ҳукумат кардан, ҳукм рондан бар раият, раиятдорӣ кардан, пос доштани мулк, ҳифозат, доварӣ, боҳушӣ, хирадмандӣ, дироят, танбеҳ, уқубат, муҷозот кардан буда, ба маънои ом раҳбарӣ, идораи умури иҷтимоии аз ҷониби давлат ба амал овардашуда ва шакл, аҳдоф, равиши фаъолияти давлат мебошад.
  Муродифи аврупоии сиёсат “politica” мебошад, ки онро Арасту ба ин маънӣ кор фармуда, “санъати идораи давлат” таъриф кардааст. Ин истилоҳ аз “πόλις” (полис – шаҳр, давлат)-и юнонӣ баромадааст. Πολιτικός (politica) – сиёсат дар давлатшаҳрҳои (“πόλις”- полисҳо) Юнони Бостон ба унвони тарзи мудирият шакл гирифта, вусъат ёфт. Дар даврони бостон ҷавомеи шаҳрӣ шакл гирифта, табақаи ҳукмрон ва усулҳои идора падид омаданд. Дар полисҳо мардуми ба сиёсат алоқамандро пολιτικός (politicos) ва шаҳрвандонеро, ки ба сиёсат таваҷҷӯҳ надоштанд, ιδιοτικός (idioticos) меномиданд.
  Сиёсатро тибқи эзоҳи пολι (poly) ба маънии “бисёр” ва τικός (tikos) ба маънии “манфиат” – мубориза байни манофеи бисёр низ маънидод мекунанд. Сиёсат дар асл ҳавзаи тазоди манофеъ буда, манфиатдорон дар доираи фаолияти он мухолифат доранд ва гурӯҳу ниҳодҳои қавӣ бар гурӯҳу созмонҳои заифтар тасаллут меёбанд.
  Тавре ки аз таърих собит аст, сиёсат фаолияте барои ба даст овардани манфиат, бо истифода аз усули мухталиф аст. Сиёсат бозиест, ки мувофиқ ба вазъу шароит қавоиди он таъйину тағйир мепазиранд. Сиёсат бозиест, дар он “ҳуққабозон” бурд мекунанд. Аз ин ҷавониб, сиёсат мисли “Сиёсат палид аст”, “Сиёсат ҳунари бад бо номи хуб аст”, “Сиёсат падару модар надорад” ва ғ. таърифҳои манфӣ гирифтааст.
  Сиёсат фаъолият барои ғасбу ҳифзи ҳокимият, барнома ё самт бо истифода аз васоилу усул барои бадастории манофеи муайян ва расидан ба аҳдофи муайян дар муҳити ҷамъиятии муайян мебошад. Ҳокимият ба як, ё якчанд, ё ҳама мутааллиқ мешавад. Вобаста ба ин се навъи низоми давлатӣ маъруф аст: салтанатӣ, ҳукумати ашрофӣ, мардумсолорӣ.
  Дар низоми салтанатӣ (monarchy) раёсати кишвар дар дасти як нафар (подшоҳ, император, султон, амир, хон) буда, қудрат якумра мутааллиқ ба ӯст ва онро ба мерос мегузорад. Алъон, анвои мухталифи ин низом мавҷуд аст. Дар ҳукумати ашрофӣ (aristocracy) раёсат ба дасти табақаи ашроф аст. Дар низоми мардумсолорӣ (democracy) раиси кишвар аз ҷониби мардум барои муддати маҳдуд интихоб мешавад.
  Дар ҷомеаи мардумсолорӣ роҳбарият тавассути интихоботи шаффофу бо рақобат аз ҷониби мардум баргузида шуда, барои беҳбудии ҷомеа бо назардошти манофеи муштарак ҳукумат мекунад, ҳуқуқ, озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва соири арзишҳои инсониро таъмин ва ҳифз менамояд. Маҳдудияти истибдод, сӯистифодаи нашудани ҳукумат, қатъи фосила байни ҳукумату мардум, имкони мушорикати аҳли ҷомеа дар ҳаёти сиёсӣ, озодии баён, гуногунандешӣ аз шурути низоми мардумсорлорӣ мебошанд.
  Тавре ки фавқан зикр намудем, сиёсат фаъолияте барои ба даст овардани манфиат мебошад. Дар гузашта сиёсат ба маънои аслии хеш “танбеҳ, уқубат, муҷозот кардан” истифода мешуд. Ҳукумат асрҳо дар дасти афроди сулолае нигоҳ дошта мешуд, қишри манфиатдори ҷомеа дар атрофашон ҷамъ мегашт ва онҳо ба майлу иродаи хеш ҳукм меронданд. Мухолифу мӯътиризу дигарандешро зуд маҳв месохтанд. Сиёсат – муҷозот кардан ва сиёсатмадор – муҷозотгар буд.
  Дар замони нав пас аз таҳаввулоти сиёсӣ дар Ғарб, ки ҷомеаҳо пешқадамтар шуданд, низоми сиёсии мардумсолорӣ бар ҷумла тарҷеҳ дода шуда, кишварҳо ашколи мухталифи онро пиёдасозӣ карданд ва ин сабаби рушди сареъи ин минтақаи олам гардид. Ин минтақа ба ваҷҳи тараққӣ бар соири манотиқи олам муассир гашта, низоми сиёсии мардумсолориро ба он ҷоҳо “мунтақил” кард. Ҳатто низоми бархе аз кишварҳоро зӯран тағйир доданд.
  Дар Шарқ аслан, кишварҳо аз низоми мардумсолорӣ – демократӣ қолаб пазируфта, низомҳои мустақари хешро, ки салтанатӣ, ашрофӣ ва истибдодӣ мебошанд, ба унвонӣ “демократӣ” ҷилва медиҳанд. Дар кишварҳои шарқӣ ҳукумат ба якеву авлодаш, ё гурӯҳе мансуб аст, ки қудрат ва манобеъ дар ихтиёри онҳо буда, ҷомеаҳои ин кишварро дар фақру нодорӣ мезиянд.
  Ин кишварҳо дорои ҳама сохторҳои демократӣ буда, интихоботҳо гузаронида мешаванд, парлумон доранд, ҳизб ва ҳатто чандин ҳизб мавҷуданд, аммо равандҳои демократӣ барои намоишкорӣ гузаронида шуда, дар асл, соҳиби ҳукумат гурӯҳест, ки манофеи кишварро соҳиб шуда, қудрат ба даст дошта, мухолифу ҳақталаберо бо усуле маҳв месозад. Ҳуқуқ, озодиҳои шахсӣ, озодии баён, гуногунандешӣ, фаъолияти васоити ахбори мустақил ва дигар арзишҳои демократӣ дар ин кишварҳо маҳдуд ва мамнӯъ карда мешаванд. Сиёсат дар ин кишварҳо ҳамон “танбеҳ” ва сиёсатмадорон “танбеҳгарон” боқӣ мондаанд.
  Дар ҷомеаҳои пешрафта вазъ мутафовит аст. Дар умум соҳиби ҳукумат мардум аст. Аҳзобу гурӯҳҳое аз мийни мардум шакл гирифта, барои ба даст овардани ҳукумат рақобат мекунанд. Ба тамоми арзишҳои демократӣ арҷ гузошта мешавад. Мардум ба ҳукумат муассир аст. Арзи мардум шунида мешавад. Дар ҳоли иштибоҳу канорравӣ аз масири дуруст ба таъсири мардум роҳбарияти ҳукумат иваз мешавад.
  Аммо, ҳамоно сиёсат ҷустуҷӯи манфиат аст. Дар ҷомеаҳои мардумсолории ғарбӣ мардум ба хотири беҳбудии ҳоли хешу кишвар гурӯҳ ва сиёсатмадорони мавриди эътимодро ба ҳукумат баргузида, ба умеди ояндаи нек мешаванд. Вале ба гузашти муддате аз онҳо эътимод канда, барои зуҳури эътироз ба хиёбонҳо рехта ё коршиканӣ мекунанд.
  Пеш сиёсат кори ҷиддӣ буд, ки ҳазл бо он мӯҷиби дар лаҳзае аз бадан ҷудо гаштани сар мешуд. Ҳукуматдор шахси ҷиддие буд, дар ҳолати гирифтатабъӣ масхарабози махсусе барои баландбарии рӯҳия дошт. Алъон, дар ҷомеаҳои ғарбӣ иҷозаи худкомагӣ барои афрод нест, давлатмардон барои касби манфиату дастёбӣ ба қудрат усулу бозиҳои ошкору ниҳонии гуногунро эҷод кардаву ба роҳ андохтанд. Ниҳоятан, мардум сиёсатро бозиву найранги сиёсатбозон дарёфтанд ва эътимодро аз афроди “ҷиддӣ” канданд. Бисёре аз сиёсатбозон ба майдони фаъолияти сиёсӣ омаданд, ки “масхарабоз” номида мешаванд.
  Мардуми олам аз ҷомеаи пешрафтаи амрикоӣ таваққӯи интихоби шахси камхираду бефаросат Тромпро ба ҳайси раиси кишвар надоштанд. Аммо мардум аз сиёсатбозиҳои сиёсатбозони “қавию хирадманд” хаста шуда, зимоми идораро ба масхарабозон доданд. Ба сари қудрат омадани масхарабози касбӣ Зеленскийро низ ваҷҳ ҳамин аст…

Замима

                                                                                   Сиёсат чист?
  Сиёсат таърифу тафсироти гуногун дорад. Масалан: сиёсат низоми идора, фаъолияти мақомот ва ниҳодҳои давлатӣ, рафтори гурӯҳҳо ва ниҳодҳои иҷтимоӣ аст; сиёсат як падидаи ҳамаҷонибаи зиндагии иҷтимоӣ аст, ки тамоми ашколашро дар бар мегирад; сиёсат ҳунари мудирият, бо таваҷҷӯҳ ба манофеи ҳама табақоти иҷтимоӣ аст; сиёсат фаъолият барои дастёбӣ ба тавофуқ дар миёни шаҳрвандон аст; сиёсат муҳити фаъолияти иҷтимоии марбут ба дарёфт, ҳифз ва истифода аз қудрат аст; сиёсат майл ба ширкат дар қудрат, ё нуфуз дар тақсими қудрат аст; сиёсат фаъолияти як созмон бо барномаи фаъолият барои иҷрои аҳдофи худ аст; сиёсат маҷмӯае аз иқдомот барои расидан ба натиҷа мебошад; сиёсат мудирияти таъйини манофеъ аст; сиёсат ҳунари ҳамкорӣ бо мардум аст…
                                                                               Сиёсатмадор кист?                
  Сиёсатмадор шахсест, ки барои ҳаллу фасли мушкилот амал карда, равобити байни афрод ва иртибототи байни гурӯҳҳои мухталифи иҷтиморо танзим мекунад, таноқузотро дар ҷомеа коҳиш медиҳад, роҳи ҳалли мантиқии мушкилотро дар ҳоли зуҳур ҷустуҷӯ мекунад, барои тавсеаи ҷомеа аҳдоф таъйин мекунад, ба усули баробарии иҷтимоӣ ва адолат эҳтиром мегузорад, ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандонро тазмин мекунад, тавзеъи сарват ва манобеъро дар ҷомеа дуруст ба роҳ мегузорад, барои тамоси байни мақомот ва созмонҳои ҷомеаи маданӣ, намояндагони аҳзоби мухталиф замина эҷод менамояд, вазоифи мудириятиро дуруст таъйин мекунад, барои созмондиҳии зиндагии шоистаи мардум талош мекунад… 2019. 
 

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист