Толиб ва Ғарб

  Аз рӯйдодҳои айёми ахир метавон ҳадс зад, ки абарқудратон аз ба дасти Толибон расидани ҳукумат дар Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ мутмаин шудаанд ва ҳайатҳое аз ин гурӯҳро зоҳиран барои дидору музокира ва аслан баҳри аҳду созишбандӣ барои оянда бо хеш даъват мекунанд.
  Русия нигарони минтақаи таҳтитаъсирӣ ононро ба Маскав даъват карда ва онҳо ба русҳо ваъда доданд, ки хатҳои марзии кишварҳои Осиёи Миёнаро убур намекунанд. Ҳамчунин Ирон эшонро барои нишасту музокира ба Теҳрон даъват мекунад ва соири кишварҳои нафъу қудратхоҳ ба ин кор моиланд.
Ғарбиён низ қабл аз эълони хуруҷ аз Афғонистон барои Толибон дар Давҳа дафтар таъсис дода, намояндагони ин гурӯҳро, ки худ фаъолияташонро мамнӯъу террористӣ эълон карда буданд, расман пазироӣ карда ва нишасту гуфтугӯ мекунанд.
  Толибон (ин гурӯҳ хешро Имороти Исломии Афғонистон меномад) қасди тасхири ҳукуматро дошта, майли тақсими онро бо ҳукумати феълӣ ва гурӯҳҳои дигари сиёсӣ надорад. Аз ин рӯ, дар музокироти сулҳ шартеро намепазирад ва бо усули дипломатӣ вақтро тӯл медиҳад, то нерӯҳои хориҷӣ берун шаванд ва ҳукумати кишварро ғасб кунад. Ба пирӯзӣ итминон ва дар ин ҷода пешравиҳо дорад.
  Толибон ваъда додааст, ки ДОИШро ҷой надода, бо он мубориза мекунад. Ин гурӯҳ ва соири гурӯҳҳо солҳо ҳамкору дастёри Толибон будаанд ва инҳо “мадюни хадамоташон” мебошанд. Дар ин ҷо ё аз фанди сиёсӣ истифода мекунад, ё ба хотири қудрат барномаро тағйир медиҳад. Ба ҷуз ДОИШ гурӯҳҳои дигаре (мисли Ансоруллоҳу Ҳаракати Исломии Узбекистон, Имороти Исломии Қафқоз ва ғайра) бо эшон ҳамроҳанд, ки ҳузуру имдодшон далели муваффақияти Толибон буда, кишварҳои минтақа аз онон хавф мебаранд. Ин гурӯҳҳо ва Толибон дар умум барномаи муштарак доранд, аз ин ҷиҳат ба онон “ҷой надодану алайҳашон мубориза кардан” бар толиб кори сахт хоҳад шуд.
  Фарзан, агар толиб соҳиби қудрат шавад, тибқи тааҳҳуд бояд бо гурӯҳҳои шарик мубориза кунад. Ҳамчунин, бо Эътилофи шимол, ки ҳукумати толибро ба ҳеҷ ваҷҳ пазиро нест, бояд муқобала кунад. Агар этилоф муттаҳид монад, ғалабаи толиб бар он душвор ва аз идораи минтақа мисли ҳукумати қаблаш аз чанг канор монад.
  Аксаран, паштутаборон шомили ин гурӯҳанд ва ҳайати раёсаташ онон ва соири ақвом нӯкарони эшонанд. Тарҷеҳи фарҳанги қавмӣ аз ҷониби онон мӯҷиби эътирози дигар ақвом хоҳад шуд. Тавре ки изҳор медоранд аз сиёсатҳои сахтгиронаи қаблӣ эҳтироз мекунанд.
  Гурӯҳи сиёсиии Толибон аз ҷониби кишварҳое, ки пуштибонии молӣ мебинад, идора мешавад ва ҳоло ба хотири ба даст овардани қудрат бо абарқудратон созишу таааҳҳуд дорад ва ба ин васила хешро дар оянда пойбанди эшон месозад. Бо вазъу шароити дошта толиб дар наздикиҳо бо Русия муқобилат намекунад ва хати “марзҳои ҷанубияшро” убур нахоҳад кард… 2021.

Ибрози назар кардан 0

Емайли Шумо мунташир нахоҳад шуд. * Ин аломати қайди зарурист